Бар асари тӯфони чангу ғубор ҳаво дар Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?

Тӯфони чангу ғубор дар Душанбе, ки чандин рӯз дар Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ҳукмфармо аст, бар асари шамол ва қишри болоии хеле сахт хушкшудаи хок ба вуҷуд омад. Тӯфони чангу ғубор маъмулан вақте ки шамоли сахт хоки зиёдро ба ҳаво мебардорад, ба амал меояд. Ҳавое, ки мо имрӯз аз он нафас мегирем, барои организм […]

Фарангис Давронова, махсус барои asia+

Тӯфони чангу ғубор дар Душанбе, ки чандин рӯз дар Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ҳукмфармо аст, бар асари шамол ва қишри болоии хеле сахт хушкшудаи хок ба вуҷуд омад. Тӯфони чангу ғубор маъмулан вақте ки шамоли сахт хоки зиёдро ба ҳаво мебардорад, ба амал меояд.

Ҳавое, ки мо имрӯз аз он нафас мегирем, барои организм зараровар аст, аз ин рӯ, донистани чӣ гуна санҷидан ва ҳимояи худ аз он муҳим аст.

Сифати ҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна санҷида мешавад?

Яке аз методҳои санҷиши сатҳи ифлоснокии ҳаво индексҳои сифати ҳаво мебошад. Сатҳи ифлоснокии ҳаворо дар Душанбе метавон аз харита пайгирӣ намуд, ки сифати ҳаворо дар реҷаи вақти воқеӣ нишон медиҳад.

Индекси сифати ҳаво дар шаҳри Душанбе айни замон барои организм носолим арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин индекси сифати ҳаворо дар Душанбе тариҷи реҷаи вақти воқеӣ метавон дар ин ҷо пайгирӣ кард.

Дар рейтингит Индекси ҷаҳонии ҳаво маълумоти таърихӣ дар бораи сифати ҳаво дар Душанбе зикр шуда, дар ин ҷо метавон бо сифати ҳаво дар як давраи муайян шинос шуд.

Рангҳои дар боло ишорашуда чӣ маъно доранд?

Нигар ба https://waqi.info/ru/

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зикр мекунад, ки ифлосшавии ҳаво барои саломатӣ оқибатҳои вазнин дорад ва аз се як ҳиссаи маргҳо аз сактаи майнаи сар (инсулт), саратони шуш ва бемориҳои дил ба ифлосии ҳаво марбут аст.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 лоиҳаи “Индекси ҷаҳонии сифати ҳаво”-и созмони World’s Air Pollution Душанберо ба сафи шаҳрҳои дорои ҳавои ифлос ва хатарнок барои саломатӣ шомил намуд. Гузориши созмон ба маълумоти монитори ҳаво воқеъ дар сафорати ИМА дар Душанбе асос ёфта буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.