Дар Тоҷикистон тарбузи зард парвариш карданд

Тарбузи зард бори аввал дар Хатлон зимни намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ки дар рӯзи форуми тиҷоратии “Бохтарфуд-2022” дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, пайдо шуд. Ин меҳмонони дохилию хориҷиро ба ҳайрат гузошт. Ноҳияи Ҷайҳун дар гузашта машҳур бо Қумсангир кайҳост дар кишти тарбуз маъруф аст. Аслан тарбуз бештар дар навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон парвариш мешуд. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Тарбузи зард бори аввал дар Хатлон зимни намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ки дар рӯзи форуми тиҷоратии “Бохтарфуд-2022” дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, пайдо шуд. Ин меҳмонони дохилию хориҷиро ба ҳайрат гузошт.

Ноҳияи Ҷайҳун дар гузашта машҳур бо Қумсангир кайҳост дар кишти тарбуз маъруф аст. Аслан тарбуз бештар дар навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон парвариш мешуд. Ҳоло бошад қариб дар ҳама ноҳияҳои иқлимашон гармтари кишвар парвариш мешавад. Дар қиёс тарбузи Қумсангир дар  бозорҳои кишвар бештар машҳур аст. Имсол деҳқонони ҷайҳунӣ боз ҳам тавонистанд ҳамаро бо тарбузи зардашон дар ҳайрат гузоранд.

Бо супориши редаксия мо тасмим гирифтем аз хоҷагии деҳқонии “Назриён”-и ҷамоати деҳоти Панҷ, ноҳияи Ҷайҳун, ки тарбузи зардро парвариш кардааст, дидан намоем.

Роҳбари хоҷагии номбурда Маҳмадюсуф Назризодаро дар хонааш пайдо кардем. Сари як пиёла чой қисса кард, ки баъди форуми тиҷоратии Бохтар талабгорони тарбузи зард хеле зиёд шуд.

“Мо ҳамагӣ 100 дона тухмии ин навъи тарбузро аз Кореяи Ҷанубӣ дастрас кардем. Онро ба таври таҷрибавӣ кишт кардем ва интизори онро надоштем, ки талабгораш зиёд мешавад. Мо дар майдони 7 га замин тарбуз, ҳандалак ва харбуза кишт кардем. Ин қитъа аслан замини лалмист. Вале мо онро гирифта кишт ва обёрии қатрагиро ташкил кардем. Худоро шукр ҳосили хуб ҳам гирифтем. Вақте моро ба бизнесфоруми Бохтар даъват карданд, барои намоиш дар баробари тарбузи муқаррарӣ чанд донае аз тарбузи зардро низ равон кардем. Вақте онро дар номоиши Бохтар диданд, талабгори он хеле зиёд шуд. Ҳамкорам, ки тарбузҳоро ба ин намоишгоҳ бурда буд занг зад, ки меҳмоне аз Дубай мехоҳад тарбузи зарди моро харидорӣ карда, ба Дубай барад. Мутаассифона, мо он қадар зиёд кишт накарда будем, ки барои содирот кифоя бошад. Чуноне ки дар боло гуфтам, ҳамагӣ 100 дона шинонда будем. Баъди ҳамин форум ёру рафиқон шиносҳо аз ҳама гӯшаи кишвар занг зада, хоҳиш мекунанд як дона ҳам бошад, барояшон фиристем. Агар гӯем, ки мо аз ин тарбуз қариб, ки нафурӯхтем, хато намекунем. Аксари ҳосили имсолаи тарбузи зардро ба намоишгоҳҳо ва ёру рафиқон фиристодем. Бозор нишон дод, ки талабот ба тарбузи зард чи дар бозори дохили ва чи дар бозори беруна зиёд аст. Агар соли оянда саломат бошем, аз ин навъи тарбуз бештар кишт хоҳем кард”, –  гуфт Маҳмадюсуф Назризода.

Аз манзили Назризода роҳ ба саҳро, сари заминҳои тарбуз рафтем. Майдони кишти тарбуз дар теппае, ки заминаш қумдор аст, воқеъ будааст. Сари замини хоҷагӣ бо палатка бошгоҳи саҳроии муваққатӣ сохта шудааст. Дар ин бошгоҳ моро ду ҷавони гандумранг, ки масъулияти нигоҳубини тарбузҳоро ба уҳда доштаанд, пешвоз гирифтанд.

Қаблан акаи Маҳмадюсуф таъкид кард, ки тарбузи онҳо аллакай тамом шудаасту ният доранд заминро тоза карда, кишти такрорӣ яъне харбуза гузаронанд. Эҳтимол тарбузи зард аз палак пайдо накунем. Вале мо ноумед нашудем. Вақте сари замин расидем бо роҳбари хоҷагӣ дохили ҷӯйбори тарбузҳо шудем. Баъди чанд дақиқаи ҷустуҷӯ ду дона тарбузи зард пайдо кардем. Акаи Маҳмадюсуф бо табасум гуфт: “Ризқи Шумо монда будааст”.

Тарбузро худи роҳбари хоҷагӣ бурид, воқеъан мағзаш зард аст. Мазааш бошад, то андозае ба ананас монандӣ дорад. Аз ҳисоби маза ба тарбузи муқарарӣ ҳеҷ монандие надорад. Вале шакли беруна ва ранги зоҳириаш монанди тарбузҳои муқаррарӣ мебошад.

“Мо соли оянда тасмим гирифтаем кишти ин навъи тарбузро зиёд кунем. Дар бозор талабот дорад ва ҳамчунин имкони содироташ ба хориҷ низ ҳаст. Парваришу нигоҳубинаш  аз тарбузи муқаррарӣ ҳеҷ фарқе надорад. Хубияш ин аст, ки бо иқлими мо мутобиқ будааст ва хуб нашъунамо ёфта, ҳосили қаноатбахш дода метавонад”, – мегӯяд роҳбари хоҷагӣ.

Ба суоли он ки оё ин навъи тарбуз ягон хусусияти табобатие дорад, акаи Маҳмадюсуф дар посух гуфт, инашро намедонад. Барои хусусияти табобатии як маҳсулотро муайян кардан, мутахассисон онро бояд омӯзанд. Мо дақиқ чизе гуфта наметавонем.

Чун боло гуфтем, ки бо азобе ду дона тарбузи зард пайдо кардем, як донаашро акаи Маҳмадюсуф бурид. Мазаи ин тарбуз ба тарбузи муқарари монанд нест. То андозае бо ананс наздикӣ дорад. Дилааш зард, донакаш ним сиёҳу ним сафед. Намуди зоҳири ва ҳаҷмаш ҳам низ мисли тарбузи муқаррарист.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.