Cокини Ҳисор аз истиқоматкунандаи пойтахт 3 мошин гирифта, ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст

Date:

Сокини шаҳри Ҳисор ба азхудкунии 3 автомашина бо роҳи фиреб гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, сокини 38-солаи пойтахт, ки аз ӯ ном бурда намешавад, ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Сино муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки як марди 47-сола аз шаҳри Ҳисор 2 автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz ва 1 автомашинаи Toyota Camry-2-и ӯро гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, нархи ин 3 автомашина 300 ҳазор доллар арзёбӣ шудааст.

“Аз ин маблағ гумонбаршуда ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст”, – зикр мешавад дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтиши ҳолатҳои ин қазия идома дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, нисбат ба 3 моҳи соли гузашта дар ҳамин давраи соли ҷорӣ далелҳои қаллобӣ ба андозаи 24,6% кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...