Барномаи ислоҳоти бахши об бо дастгирии Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER ва БРСММ

Душанбе, 6 июли соли 2022  – дар доираи Барномаи рушди деҳот II-и Иттиҳоди Аврупо, Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/“Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)”-и GIZ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) барои мусоидат ба дастрасӣ ба захираҳои об дар асоси тақсимоти одилонаю устувор ва истифодаи он аз ҷониби тарафҳои гуногуни манфиатдор […]

Иттилоияи расмӣ

Душанбе, 6 июли соли 2022  – дар доираи Барномаи рушди деҳот II-и Иттиҳоди Аврупо, Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/“Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)”-и GIZ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) барои мусоидат ба дастрасӣ ба захираҳои об дар асоси тақсимоти одилонаю устувор ва истифодаи он аз ҷониби тарафҳои гуногуни манфиатдор шартнома ба имзо расонид.

Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо ташаббуси муштараки лоиҳа “Гурӯҳи кории техникӣ оид ба ислоҳоти об дар Тоҷикистон” мусоидат мекунад, ки дар он БРСММ ҳамчун шарики иҷрокунанда Вазорати энергетика ва захираҳои обро (ВЭЗО) дар пешбурди ислоҳоти бахши об дастгирӣ мекунад. Ин иқдом на танҳо мавҷудият ва истифодаи устувори захираҳои об ва беҳдоштро таъмин мекунад, балки ба дараҷаи муайян ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии мардум ба ғизои босифат мусоидат мекунад.

Шарикӣ ба ноил шудан ба ҳадафҳои зерин тамаркуз хоҳад кард:

• Ҳамкорӣ дар беҳтар кардани ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии донишҳо дар бахши об байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар бахши об;

• Афзоиши огоҳӣ аз раванди ислоҳот дар Тоҷикистон ва ҷалби Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об;

• Ҷалби кормандони ВЭЗО дар чорабиниҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи ислоҳоти бахши об;

• Такмил ва рушди заминаи ҳуқуқии ислоҳот;

• Тақвияти истифодаи равиши ҳамгирошудаи идоракунии захираҳои об ва ҳалли масъалаҳои гендерӣ, инчунин ҳалли масоили банақшагирӣ, идоракунии хавфҳо дар бахши об ва молия;

• Ҳамгироии сиёсатҳои марбут ба об, иқлим, энергия, озуқаворӣ ва гуногунии биологӣ тавассути равиши об-озуқаворӣ-энергия-экосистемаҳо (WEFE Nexus).

Ҳамин тариқ, Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER таҳкими доимии иқтидори ВЭЗО-ро дар татбиқи ҳадафҳои дар боло зикршуда таъмин намуда, Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро бо таваҷҷӯҳи махсус ба захираҳои об ва таъмини амнияти озуқавории аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.