Русиягие, ки ба хушунати муҳоҷирон даъват мекард, шартан аз озодӣ маҳрум шуд

Дар Санкт-Петербург суд Роман Ивановро барои даъват ба хушунат аз рӯи мансубият ба миллат ба муҳлати се сол шартан аз озодӣ маҳрум кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Санкт-Петербург. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 280 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия (даъвати омавӣ ба амалисозии фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет) гунаҳкор […]

Asia-Plus

Дар Санкт-Петербург суд Роман Ивановро барои даъват ба хушунат аз рӯи мансубият ба миллат ба муҳлати се сол шартан аз озодӣ маҳрум кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Санкт-Петербург.

Ба иттилои манбаъ, ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 280 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия (даъвати омавӣ ба амалисозии фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет) гунаҳкор дониста шудааст.

Мувофиқи маводи парванда, моҳи майи соли равон маҳкумшуда дар гуруҳи «Нацистское сообщество» (Ҷамъияти миллатгаро) дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» корбаронро ба содир намудани амалҳои зӯроварона нисбат ба қирғизу тоҷикон, инчунин намояндагони мардуми Қафқоз даъват мекардааст.

Гуфта мешавад, худи Роман Иванов ба гуноҳаш пурра иқрор шудааст.

Суд ба Иванов ҷазои шартан маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо муҳлати озмоишии 3 сол таъин кард. Ӯ ҳамчунин дар муддати 2 солу 10 моҳ ҳуқуқ надорад, ки дар фаъолияти марбут ба ташкилоту иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо истифода аз сомона, шабакаҳои электронӣ ё иттилоотӣ бо шумули Интернет иштирок кунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.