Дар ноҳияи Айнӣ ҷасади 5 нафари дар дарё ғарқшударо меҷӯянд

Субҳи имрӯз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавулода дар гуруҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзани дар дарёи Зарафшон ғарқшуда идома доданд, хабар медиҳад қисми навбатдории Кумита. “Субҳи 21 июл ҷавонзани 23-солаи сокини деҳаи Шаватки Поёни ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои ҳоло номаълум худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Гуруҳи корӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, лекин […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавулода дар гуруҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзани дар дарёи Зарафшон ғарқшуда идома доданд, хабар медиҳад қисми навбатдории Кумита.

“Субҳи 21 июл ҷавонзани 23-солаи сокини деҳаи Шаватки Поёни ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои ҳоло номаълум худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Гуруҳи корӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, лекин ҷустуҷӯҳо то ҳо натиҷае надоданд. Субҳи имрӯз, 22 июл корҳои ҷустуҷӯи ҷасад дубора аз сар гирифта шуданд”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, имрӯз ҳамчунин корҳои ҷустуҷӯи чор нафаре, ки бар асари садама ба Фондарё афтода буданд, идома ёфтанд.

“Садама дар қаламрави ноҳияи Айнӣ, дар километри 126-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух дод”, – гуфтанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, мошини сабукрави тамғаи Mercedes-Benz зимни ҳаракат аз Душанбе ба Хуҷанд бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 120-метра сарозер рафта, ба Фондарё афтодааст.

“Замони рух додани садама 4 нафар дар мошин қарор доштаанд. Басти навбатдории имдодгарони Кумита ба корҳои ҷустуҷӯ оғоз намуда, лекин натиҷае ҳосил нашуд ва ҷустуҷӯ идома дорад", – изҳор доштанд дар ин ниҳод.

Дар ҳамин ҳол, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ҷасади дахтарчаи 12-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритусро аз об берун оварданд.

“Духтарча рӯзи 20 июл аз беэҳтиётӣ дар наҳр (канал)-и маҳалли зисташ ғарқ шуда, ҷасадӣ ӯ дар масофаи 1 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва ба хешовандонаш супурда шуд”, – иттилоъ медиҳад Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон менамояд, ки кӯдаконро назди кӯлу дарё ва наҳру обанборҳо беназорат нагузоред ва қоидаҳои бехатарӣ дар об ва роҳҳои кӯҳиро риоя кунед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.