Ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ барои оилаи сарбози кушташуда дар Исфара хона месозад

Ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ тасмим дорад, барои оилаи Муродбек Маҳмадқулов, сарбози тоҷике, ки  моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Исфара аз тири сарбозони қирғиз кушта шуд, хона созад. Дар ин бора Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ дар нишасти матбуотӣ, рӯзи 26 июл соли хабар дод. "Мо бо шароити зисти оилаи сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов шинос шудем. […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ тасмим дорад, барои оилаи Муродбек Маҳмадқулов, сарбози тоҷике, ки  моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Исфара аз тири сарбозони қирғиз кушта шуд, хона созад.

Дар ин бора Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ дар нишасти матбуотӣ, рӯзи 26 июл соли хабар дод.

"Мо бо шароити зисти оилаи сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов шинос шудем. Маълум шуд, ки оилаи сарбоз дар шароити вазнин зиндагӣ мекунанд. Мо замин ҷудо кардем, тасмим гирифтем барои волидайни ин сарбоз манзили зист бисозем",- гуфт Нишонзода.

Раиси ноҳия афзуд, ҳамчунин, мактаби рақами 33-и ноҳияро, ки Муродбек Муҳамадқулов онро хатм кардааст, ба номи ин сарбоз мегузоранд.

Ӯ гуфт, қарор аст, дар ноҳияи Дӯстӣ кӯчае ба номи Зоир Саидмуродов, сарбози дигаре, ки аз дар муноқишаи марзӣ аз тири қирғизҳо кушта шуд, гузошта шавад.

“Ин масъалаҳо дар сесияи навбатии маҷлиси вакилони халқи ноҳия баррасӣ хоҳад шуд”, – гуфт раиси ноҳияи Дӯстӣ.

Ёдовар мешавем, ки Муродбек Маҳмадқулов моҳи июн ва Зоир Саидмуродов моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи тирпарронии марзбонони қирғиз дар вилояти Суғд кушта шуданд. Ҳар дуи онҳо зодагони ноҳияи Дӯстӣ буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.