Олимпиадаи шоҳмот: занони Тоҷикистон Барбадосро мағлуб карданд

Date:

Дар Олимпидаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, мунтахаби занони Тоҷикистон ба пирӯзии дуюм ноил гардид.

Занони шоҳмотбози тоҷик Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ ҳарифони худро шикаст дода, ба ғалаба бар дастаи Барбадос бо ҳисоби 4:0 дастёб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар радабандӣ (рейтинг)-и умумии ҷаҳонӣ дастаи Барбадос дар муқоиса бо Тоҷикистон дар зинаи поинтар қарор дорад.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Акнун мунтахаби занони Тоҷикистон аз 4 холи имконазир 2 имтиёз ба даст овард. Даста дар ду даври аввал бо ҳисоби якхелаи 0:4 аз занони шоҳмотбози Ҳиндустон ва Қирғизистон шикаст хӯрда, сипас дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Барбадосро мағлуб кард.

Ҳарифи навбатии занони шоҳмотбози тоҷик дар Олимпидаи ҷаҳонӣ дастаи Ирландия мебошад.

Мунтахаби шоҳмоти мардони Тоҷикистон пас аз ду ғалабаи пайиҳам дар даврҳои аввал бори дуюм аз Белгия бо ҳисоби 0,5:2,5 ба шикаст дучор шуд.

Мунтахаби мардони Тоҷикистон низ аз 4 холи имконпазир 2 имтиёз ба даст оварда, дар даври навбатӣ бо тими Суринам қувваозмоӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...