Ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав

Дар як коллектори воқеъ дар ҷанубу шарқи Маскав ҷасади се нафар коргарон, ки чанде пеш дар корҳои тозакунӣ иштирок доштанд, дарёфт шуданд, хабар додаанд ба РИА Новости аз прокуратураи пойтахт ва Раёсати КҲФ. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ду тан аз ҳалокшудагон шаҳрвандони Қирғизистон ва як нафараш шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Қаблан зикр гардида […]

Asia-Plus

Дар як коллектори воқеъ дар ҷанубу шарқи Маскав ҷасади се нафар коргарон, ки чанде пеш дар корҳои тозакунӣ иштирок доштанд, дарёфт шуданд, хабар додаанд ба РИА Новости аз прокуратураи пойтахт ва Раёсати КҲФ.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ду тан аз ҳалокшудагон шаҳрвандони Қирғизистон ва як нафараш шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар ноҳияи Люблино 13 нафар коргароне, ки обравро тоза мекардаанд, ҳангоми боришоти хеле шиддатнок даруни чоҳ (шахта) монда, чандеро об бурдааст.

Панҷ нафар аз чоҳ (коллектор) мустақилона баромада, панҷ нафароо имдодгарон берун меоранд ва се нафар гум шудаанд.

“Аввал ҷасади як нафар ва сипас боз ду тани дигар дарёфт шуд”, – изҳор доштааст ба РИА Новости роҳбари дафтари матбуоти прокуратураи Маскав Людмила Нефедова.

Дар бораи ному насаб ва дигар ҷузъиёти шахсияти ҳалокшудагон маълумот дода намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст