Футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Ҷопон бозӣ мекунанд

Date:

Дастаи наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов пагоҳ, 23 август аввалин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФӮ) Мираброр Усмонов доир мекунад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки аз 22 то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, тимҳои наврасони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Ҷар», «Локомотив» ва «Пахтакор» сурат мегиранд.

Ширкат дар мусобиқаи мазкур барои наврасони мо марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Н» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ҷадвали мусобиқа

Даври 1

22 август (душанбе)

19:00 – Ӯзбекистон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

23 август (сешанбе)

16:00 – ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ҷопон (U-16). Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

Даври 2

25 август (панҷшанбе)

16:00 – Эрон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Кибрай»

17:00 – Ҷопон (U-16) – Ӯзбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор».

Даври 3

27 август (шанбе)

15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

17:00 – Ӯзбекистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...