“Омодаам”. Президенти Қазоқистон пешниҳод намуд, ки интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор шавад

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 1 сентябр дар паёми навбатии худ хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд. "Барои амалисозии муваффақонаи маҷмӯи ислоҳот дар масири бунёди Қазоқистони одилона мандати нави боэътимоди мардум зарур аст", – иброз доштааст Тоқаев, хабар медиҳад centralasian.org. Бар гуфтаи ӯ, “барояш манфиати давлат аз ҳама болотар […]

Asia-Plus

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 1 сентябр дар паёми навбатии худ хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд.

"Барои амалисозии муваффақонаи маҷмӯи ислоҳот дар масири бунёди Қазоқистони одилона мандати нави боэътимоди мардум зарур аст", – иброз доштааст Тоқаев, хабар медиҳад centralasian.org.

Бар гуфтаи ӯ, “барояш манфиати давлат аз ҳама болотар меистад ва бинобар ин, омода аст, ки муҳлати ваколатҳои худро коҳиш дода, вориди интихоботи пешазмуҳлати президентӣ шавад”.

"Тавсия медиҳам, ки муҳлати президентӣ бо як давраи ҳафтсола маҳдуд карда шавад, лекин интихоби дубора манъ мешавад,- гуфтааст вай. – Пешниҳоди ман хатарҳои инҳисори қудратро ба таври назаррас коҳиш медиҳад".

Гуфта мешавад, ӯ ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки интихобот ба парлумон ва маслиҳат (мақомоти маҳаллӣ) нимаи аввали соли 2023 гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки 9 июни соли 2019 дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир гардида, бо касби 70,9% раъйи овоздодагон Тоқаев пирӯз шуд. Интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ ҳар панҷ сол як маротиба доир мегардиданд.

Маъракаи интихоботи пешина ба Маҷлис (палатаи поёнии парлумон)-и кишвар моҳи январи соли 2021 доир гардида, интихоботи минбаъда бояд соли 2025 баргузор мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст