Ҳалокати Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ дар таркиши Ҳирот

Date:

Имрӯз дар пайи таркиши шадид дар масҷиди шаҳри Ҳироти Афғонистон яке аз мубаллиғони сарсупурдаи Толибон* Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, ки имоматии намозро ба зимма доштааст, кушта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин таркиш ҳамчунин чанде аз наздикони ин рӯҳонии маъруф ва ҷонибдори Толибон* ба ҳалокат расидаву захмӣ шудаанд.

Масъулони амниятии Толибон* дар Ҳирот кушта шудани Ансорӣ, хатиби масҷиди гузаргоҳи Ҳиротро ба рӯзномаи "8 субҳ" таъйид кардаанд. 
 
Ба гуфта манобеъ, ин таркиш ҳамлаи интиҳорӣ будааст, ки чандин кушта ва захмӣ бар ҷо гузоштааст. 

Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ яке аз рӯҳониёни саршиноси Афғонистон аст, ки пас аз ишғоли Афғонистон аз ҷониби Толибон* ба ҳимояти ин гурӯҳ бархост ва дар мавъизаҳои худ мардумро ба ҷонибдории низоми ҷории ин кишвар талқин менамуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...