Ифтитоҳи боз як мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон

Date:

Имрӯз, 5-уми сентябр, мактаби тоҷикие, ки мардуми деҳаи Истошони ноҳияи Букаи Ӯзбекистон бунёд кардаанд, расман ифтитоҳ гардид. Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.

"Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони расмии ҳокимияти ноҳияи Бука ширкат варзиданд", – навиштааст Фитрати Ҳикмат.

Тибқи иттилои Ф. Ҳикмат сохтмони ин мактаб тирамоҳи соли 2021 оғоз гардида, моҳи августи соли 2022 ба итмом расид. Дар бунёди ин мактаб беш 3 млн. сомонӣ сарф гардида, ҳамаи ин маблағро сокинони деҳаи Истошон пардохт кардаанд.

Мактаб барои таҳсили 350 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ӯзбекистон замони ҳукумати Ислом Каримов шумораи мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шуда буд, аммо бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, теъдоди ин мактабҳо зиёд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...