Оғози мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё байни ҷавонон дар Душанбе

Date:

Имрӯз дар Душанбе мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола (U-20) дар гурӯҳи «I» оғоз мегардад.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, ба гурӯҳи «I» мунтахабҳои Тоҷикистон, Сингапур, Лубнон ва Камбоҷа шомиланд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар нишасти матбуотии пеш аз оғози мусобиқот изҳор намудааст, ки даста ба мусобиқа омода буда, ҳамаи бозингарони пурқувватамонро ҷамъ омаданд.

“Вазифаи мо роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон аст, – иброз доштааст ӯ. – Боварӣ дорем, ки бачаҳо аз уҳдаи он мебароянд”.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мешавад, роҳ меёбанд.

Гуфта мешавад, ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷадвали бозиҳо:

Даври 1-ум

14 сентябр (чоршанбе)

17:00 –Камбоҷа –Лубнон

20:00 –ТОҶИКИСТОН –Сингапур

Даври 2-юм

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

… /// …

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...