Оғози мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё байни ҷавонон дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола (U-20) дар гурӯҳи «I» оғоз мегардад. Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, ба гурӯҳи «I» мунтахабҳои Тоҷикистон, Сингапур, Лубнон ва Камбоҷа шомиланд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд. Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар нишасти матбуотии пеш аз […]

Имрӯз дар Душанбе мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола (U-20) дар гурӯҳи «I» оғоз мегардад.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, ба гурӯҳи «I» мунтахабҳои Тоҷикистон, Сингапур, Лубнон ва Камбоҷа шомиланд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар нишасти матбуотии пеш аз оғози мусобиқот изҳор намудааст, ки даста ба мусобиқа омода буда, ҳамаи бозингарони пурқувватамонро ҷамъ омаданд.

“Вазифаи мо роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон аст, – иброз доштааст ӯ. – Боварӣ дорем, ки бачаҳо аз уҳдаи он мебароянд”.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мешавад, роҳ меёбанд.

Гуфта мешавад, ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст.

Ҷадвали бозиҳо:

Даври 1-ум

14 сентябр (чоршанбе)

17:00 –Камбоҷа –Лубнон

20:00 –ТОҶИКИСТОН –Сингапур

Даври 2-юм

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

… /// …

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.