Суди олии Русия ҲНИТ*-ро террористӣ эътироф кард

Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро созмони террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар манъ кард. Дар ин бора хабаргузории «Известия» имрӯз, 14-уми сентябр, хабар дод. Гуфта мешавад мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки қаблан додситони кулли Русия бо талаби террористӣ эътироф шудани ҲНИТ ба додгоҳ муроҷиат кард. Дар […]

Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро созмони террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар манъ кард.

Дар ин бора хабаргузории «Известия» имрӯз, 14-уми сентябр, хабар дод.

Гуфта мешавад мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан додситони кулли Русия бо талаби террористӣ эътироф шудани ҲНИТ ба додгоҳ муроҷиат кард. Дар ин бора, прокурори генералии Русия Игор Краснов зимни сафари хеш ба Тоҷикистон иттилоъ дод буд.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилот соли 2015, пас аз кудетои нокоми муовини вазири дифои кишвар, генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сафи ИНОТ ҷангида буд, манъ карда шуд. Гуфта мешуд, ки генерали вазорати дифоъ, ки тариқи квотаи 30-фоиза соҳиби мансаб шуда буд, бо маблағгузорӣ  ва тарҳрезии ҲНИТ ба кудето даст зад.

Соли 2017 ин ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил карда шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.