Даври 1-уми мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё (U-20): Тоҷикистон Сингапур – 0:0

Date:

Бозии даври 1-уми мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё  байни ҷавонон (U-20) миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сингапур мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ бо бартарияти пурраи футболбозони тоҷик сурат гирифта, лекин муяясар нашуд, ки ба дарвозаи ҳарифон тӯб ворид кунанд. Дар дақиқаи 62-юми бозӣ футболбозони тоҷик зарбаи 11-метраро низ ба ҳадаф расонида натавонистанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, дар бозии дигари гурӯҳи «I» футболбозони ҷавони Лубнон тими Қамбоҷаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Ду бозии боқимондаи дастаи Тоҷикистон рӯзҳои 16 сентябр бо Лубнон ва 18 сентябр – бо Камбоҷа доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё (U-20) дар гурӯҳи «I» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мешавад, роҳ меёбанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал пас аз 1 давр:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бозиҳои боқимонда дар гурӯҳ:

Даври 2-юм

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...