Воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон нисбат ба содироти он аз ҷумҳурӣ қариб 1,8 млрд доллар зиёд аст

Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳудуди 4,8 млрд долларро ташкил дод, ки 18,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Маблағи содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон наздики 1,5 млрд доллар ва воридоти он ҳудуди 3,3 млрд долларро ташкил дода, ба ин тариқ, касри тавозуни савдо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳудуди 4,8 млрд долларро ташкил дод, ки 18,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Маблағи содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон наздики 1,5 млрд доллар ва воридоти он ҳудуди 3,3 млрд долларро ташкил дода, ба ин тариқ, касри тавозуни савдо қариб ба 1,8 млрд доллар баробар шуд.

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли 2021 ҳаҷми содирот ба андозаи 6% ва воридот – 25,1% афзудааст.

Қисмати бештари маҳсулоти содиротии Тоҷикистон аз ашёи хоми гуногун иборат аст. Аз ҷумла, содироти маҳсулоти минералӣ (семент, неруи барқ, консентрат ва ғайра) 38,5%, сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо – 27,8%, фулузоти нимқиматбаҳо (алюминий) ва маснуот аз он – 15,5%, маводи нассоҷӣ ва маснуот аз он – 13,1% аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд.

Мавқеи асосиро дар воридот маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва дигар маҳсулот) – 18,9% (аз ҳаҷми умумии воридот), мошин ва таҷҳизот – 12,9%, фулузоти арзон ва маснуот аз он – 10,6%, маҳсулоти саноати кимиё – 10,3%, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ – 8,7%, маҳсулоти растанӣ – 8,1% ва ғайра ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-августи соли равон Тоҷикистон бо 101 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (22,4% дар савдои хориҷии Тоҷикистон), Қазоқистон (19%) ва Чин (18%) боқӣ мондаанд.

Маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра асосан дар бозорҳои Қазоқистон (22% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (18%), Ӯзбекистон (9,1%) ва Афғонистон (5,2%) фурӯхта шудааст.

Молу маҳсулот ба Тоҷикистон асосан аз Русия (30,9% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (18,2%), Қазоқистон (17,6%) ва Ӯзбекистон (7,1%) оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст