Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон каму лекин шумори корхонаҳои зиёновар зиёд мешавад

Қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали нимсолаи аввали соли ҷорӣ каме бештар аз 53,5 млрд сомонӣ (5,2 млрд доллар бо қурби аввали соли 2022)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин қариб ба андозаи 12% ё худ 7 млрд сомонӣ камтар нисбат ба нишондиҳандаи аввали соли 2022 – зиёда аз 60,5 млрд сомонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали нимсолаи аввали соли ҷорӣ каме бештар аз 53,5 млрд сомонӣ (5,2 млрд доллар бо қурби аввали соли 2022)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин қариб ба андозаи 12% ё худ 7 млрд сомонӣ камтар нисбат ба нишондиҳандаи аввали соли 2022 – зиёда аз 60,5 млрд сомонӣ мебошад.

Ҳиссаи корхона ва ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳанда аз 19% дар аввали соли равон то ба 22,8% дар охири моҳи июни соли ҷорӣ афзудааст.

Зиёда аз нисфи корхонаҳои зиёновар дар Душанбе ва минтақаи гирду атрофи он ҷойгир шудааст.

Ин асосан корхонаҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, бахши сохтмону нақлиёт ва соҳаи алоқа мебошанд.

Қарздори нисбатан зиёдтар байни корхонаҳои Тоҷикистон ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки қарзи кредитории он то аввали нимсолаи аввали ҳамин сол 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2019 ба сохторҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои тахирнопазир андешида шавад.

Бо ин мақсад Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ таъсис дода шуд. Шӯрои таъсисёфта ба ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорисозии идоракунии корпоративӣ ва беҳбуди фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар он зиёда аз 50%-ро ташкил медиҳад, уҳдадор шуд.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбатан бузуртаринашон ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%) мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст