Раёсати КДАМ дар Суғд: “Амалҳои иғвоангези Қирғизистон идома дорад”

Date:

Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад,  ки сарфи назар аз имзои Протоколи № 42  аз 25-уми сентябри соли 2022 ва созишномаҳои батавофуқрасидаи дигар, ҷониби Қирғизистон иқдомоти барқасдонаи худро бо ҳадафи ташдиди авзоъ дар марз идома медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Раёсати корҳои дохилии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд зикр гардидааст, ки "амалҳои иғвоангезонаи бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон, аз ҷумла омода намудани мавқеъҳои тирпарронӣ, сохтани хандакҳо ва сангарҳо, идомаи интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ба хати марз ва нақзи мунтазами ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, ки ба ноором кардани вазъ равона шудааст, далели равшани нақшаҳои муғризонаи ҷониби Қирғизистон мебошад".

Дар хабар гуфта мешавад, ки аз 26-уми сентябр то 15-уми октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

"Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022, далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, аслиҳаи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба манотиқи марзӣ, ҳолатҳои латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистон, сангпартоӣ ба хонаву автомошинаҳои онҳо, инчунин ташкили постгоҳҳои назоратии ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудаанд", – гуфта мешавад дар изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд.

Хабар такмил меёбад

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...