КҲФ: То 2 ноябр дар Тоҷикистон боришот боқӣ мемонад

Date:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, то 2 ноябр дар қаламрави кишвар – дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар минтақаҳои доманакӯҳу кӯҳистон боридани барф дар назар аст.

Ғайр аз ин, бар асари поинравии ҳарорат ва боришот дар роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиро маҳдуд намоянд, аз баргузории корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар мавзеи кӯҳистон худдорӣ варзида, ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармкунӣ ва бухориҳои барқӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намоянд.

Агар автомашинаи шумо корношоям шавад ё дармонад, КҲФ тавсия медиҳад, ки то расидани кумак дар дохили он бимонед, ҳавои дохили мошинро мудом тоза ва ба мисли ҳолатҳо дар тӯфони барфӣ амал кунед.

Дар сурати ҳолатҳои фавқулода ва ба амал омадани ягон ҳодисаи нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои наватбдорони фаврии Кумита муроҷиат кунанд:

– Навбатдори масъули Кумита – 112, 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11

– Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76

– Навбатдори масъул дар ВМКБ – код 3522 тел: 24057, 22744

– Навбатдори масъул дар вилояти Суғд- код 3422 тел: 51555, 57995

– Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – код 3222 тел: 23505, 27827

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – код 3322 тел: 21656, 21657

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Рашт– код 3131 тел: 22374

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Ҳисор – код 3139 тел: 26074.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...