КҲФ: То 2 ноябр дар Тоҷикистон боришот боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, то 2 ноябр дар қаламрави кишвар – дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар минтақаҳои доманакӯҳу кӯҳистон боридани барф дар назар аст. Ғайр аз ин, бар асари поинравии ҳарорат ва боришот дар роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо часпидани барфи […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, то 2 ноябр дар қаламрави кишвар – дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар минтақаҳои доманакӯҳу кӯҳистон боридани барф дар назар аст.

Ғайр аз ин, бар асари поинравии ҳарорат ва боришот дар роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиро маҳдуд намоянд, аз баргузории корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар мавзеи кӯҳистон худдорӣ варзида, ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармкунӣ ва бухориҳои барқӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намоянд.

Агар автомашинаи шумо корношоям шавад ё дармонад, КҲФ тавсия медиҳад, ки то расидани кумак дар дохили он бимонед, ҳавои дохили мошинро мудом тоза ва ба мисли ҳолатҳо дар тӯфони барфӣ амал кунед.

Дар сурати ҳолатҳои фавқулода ва ба амал омадани ягон ҳодисаи нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои наватбдорони фаврии Кумита муроҷиат кунанд:

– Навбатдори масъули Кумита – 112, 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11

– Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76

– Навбатдори масъул дар ВМКБ – код 3522 тел: 24057, 22744

– Навбатдори масъул дар вилояти Суғд- код 3422 тел: 51555, 57995

– Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – код 3222 тел: 23505, 27827

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – код 3322 тел: 21656, 21657

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Рашт– код 3131 тел: 22374

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Ҳисор – код 3139 тел: 26074.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.