Дар Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги Эрон баргузор мешавад

Пас аз баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон, ҳамакнун дар чор шаҳри бузурги кишвар “Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар ин бора Марям Холиқзода, сухангӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон ҳоло барои ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии кишвараш вориди Душанбе шудааст. […]

Пас аз баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон, ҳамакнун дар чор шаҳри бузурги кишвар “Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар ин бора Марям Холиқзода, сухангӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон ҳоло барои ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии кишвараш вориди Душанбе шудааст.

Дар ин робита Зулфия Давлатзода ва Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазирони фарҳани ду кишвар, субҳи имрӯз, бо ҳам мулоқот анҷом додаанд.

“Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб бо ҳузури 60 нафар намояндагони мақомоти расмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ин кишвар баргузор мешавад”, – гуфт Холиқзода.

Марям Холиқзода афзуд, ифтитоҳи расмии “Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон” соати 17:00-и имрӯз дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе хоҳад гузашт.

Ҳамин тавр, ба иттилои дастрас, пагоҳ, соати 14:00-и 1-уми ноябр, ҳунарҳои мардумии эрониён дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад ва соати 17:00 маҳфили адабӣ бо иштироки шоирону Эрону Тоҷикистон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳамчунин, дар рӯзи 2-юми ноябр маҳфили “Шоҳномахонӣ” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон пешбинӣ мешавад.

Намоиши филмҳои “Писарони дарё”, “Тахтӣ” ва “Роҳи обии абрешим” низ дар Кохи Наврӯз ва Кинотеатри Ватан дар Душанбе дар назар гирифта шудааст.

“Рӯзҳои 3 ва 4-уми ноябр ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кулоб рӯзҳои фарҳангиро идома медиҳанд”, – афзуд Марям Холиқзода.

Дар ин робита аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ҳам ба “Азия-Плюс” таъйид карданд.

“Дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон қарор аст, бархе аз зарфиятҳо, тавлидот, дастовардҳо ва тавонмандиҳову халлоқиятҳои ҳунармандони Эрон дар арсаҳои ҳунар ва мусиқӣ ба намоиш гузошта мешавад”, – гуфтанд дар сафорат.

Ба гуфтаи манобеъ, рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон як ҳафта идома карда, рӯзи 6-уми ноябр ба анҷом мерасад.

Ёдовар мешавем, ки дар ибтидои моҳи октябр “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон” баргузор гардида буд. Ин чорабинӣ дар Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор гашта ва Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва дигар ҳунармандону овозхонони тоҷик ширкат варзида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.