Аз 16-18-уми ноябр ҳаво якбора сард шуда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад. Дар ин бора КҲФ бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин гуна рӯзҳо сафарҳои безарурати худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳро, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор ва ғайра худдорӣ намоянд.
"Дар ин рӯзҳо, ки ҳаво сард аст, риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор барои ҳамаи касоне, ки хонаҳои худро бо печҳои барқӣ гарм мекунанд, ҳатмист",-таъкид намудааст КҲФ.
Гуфта мешавад барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи зимистон ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд.
Ба иттилои КҲФ, роҳҳои дигари кӯҳии кишвар аз ҷониби кормандони КҲФ ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ назорат карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 18 октябр дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон барфи аввал борид. Бо шуруъи мавсими сардӣ, фуромадани тарма ба роҳҳои кишвар, махсусан роҳи Душанбе-Чаноқ зиёд ба назар мерасад. Дар натиҷа, барои чанд муддат ин роҳ баста шуда, чанд нафра ҳам дар натиҷаи он ҳалок шудаанд.


