Аз рӯи далели захмӣ шудани сардори толори VIP-и фурудгоҳи пойтахт парванда боз шуд

Дар Душанбе аз рӯи далели аз корд ҷароҳат бардоштани сардори тлори VIP-и Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт Зафарҷон Самӣ парввндаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд, парванда аз рӯи моддаи “авбошӣ” оғоз гардидааст. Ба иттилои манбаъ, Зафарҷон Самӣ шоми рӯзи 11 ноябр ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар назди яке аз […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе аз рӯи далели аз корд ҷароҳат бардоштани сардори тлори VIP-и Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт Зафарҷон Самӣ парввндаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд, парванда аз рӯи моддаи “авбошӣ” оғоз гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, Зафарҷон Самӣ шоми рӯзи 11 ноябр ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар назди яке аз тарабхонаҳои пойтахт дар маҳалли 112-ум аз зарбаи корд захм гирифтааст.

Сабаби муноқиша, инчунин аз ҷониби кӣ оғоз гардидани ҷанҷол маълум нест.

“Мақомоти тафтишот шахсияти афроди дар ҷанҷол дастдоштаро муайян карда, айни замон ҷиҳати боздошти онҳо чора андешида мешавад”, – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки Зафарҷон Самӣ писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шариф Самӣ аст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, худи Шариф Самӣ ҳодисаи зарб хӯрдани писарашро дар як муноқиша тасдиқ ва ё рад накардааст.

“Ягон гап нест, ҳама тинҷ аст. Вазорати корҳои дохилӣ чизе гӯяд, ҳамон. Ман дар кор ҳастам”, – гуфтааст ӯ рӯзи 15 ноябр дар як суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ.

Гуфта мешавад, кӯшиши тамос бо худи Зафарҷон Самӣ натиҷа надодааст. Се ҳамкораш дар фурудгоҳи Душанбе гуфтаанд, «ӯ рӯзҳо ба кор намеояд».

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.