Футболбоз Эҳсони Панҷшанбе тими “Зоб Оҳан”-и Эронро тарк кард

Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе дастаи “Зоб Оҳан”-и Эронро тарк кард. Бино ба иттилои Sports.uz, қарордод бо розигии тарафайн бекор шудааст. “Мо қарор додем, ки қарордодро бо розигии тарафайн бекор кунем. Аз раҳбарияти даста барои розигиашон хеле миннатпазирам”, – зикр кардааст бозингар. Дар робита ба кори минбаъдааш Эҳсони Панҷшанбе гуфтааст, аз Ӯзбекистону Уммон, инчунин аз Аврупо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе дастаи “Зоб Оҳан”-и Эронро тарк кард. Бино ба иттилои Sports.uz, қарордод бо розигии тарафайн бекор шудааст.

“Мо қарор додем, ки қарордодро бо розигии тарафайн бекор кунем. Аз раҳбарияти даста барои розигиашон хеле миннатпазирам”, – зикр кардааст бозингар.

Дар робита ба кори минбаъдааш Эҳсони Панҷшанбе гуфтааст, аз Ӯзбекистону Уммон, инчунин аз Аврупо ҳам пешниҳодҳо дорад.

Тобистони соли равон Эҳсони Панҷшанбе тими “Навбаҳор”-и Ӯзбекистонро тарк карда, ба дастаи “Зоб Оҳан” гузашт. Бозингар бо эрониҳо боз як қарордоди 5-моҳа дошт. Айни замон футболбоз агенти озод шуд.

Гуфта мешавад, дастаҳое чун “Нефтчӣ”, “Пахтакор” ва АГМК-и Ӯзбекистон ба Эҳсони Панҷшанбе таваҷҷуҳ доранд. Ғайр аз ин, боз дастаҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ӯро дар ҳайати худ дидан мехоҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.