Афғонистон бо Қазоқистон “ҳамсарҳад” шуд. Баҳс атрофи “курраи замин”-и Толибон

Шаҳрдории Кобул таҳти идораи Толибон* чанрӯз пеш “глобус” ё “курраи замин”-ро дар яке аз хиёбонҳои пойтахт рӯнамоӣ кард, ки дар он ҳудуди Афғонистон ё ба қавли намояндагони ин гурӯҳ, “Имороти исломии Афғонистон” бамаротиб бузургтар аз ҳудуди воқеии ин давлат тасвир ёфтааст. Дар ин курраи замини сохтаи Толибон ҳудудҳое аз давлатҳои Эрону кишварҳои Осиёи Марказӣ ба […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шаҳрдории Кобул таҳти идораи Толибон* чанрӯз пеш “глобус” ё “курраи замин”-ро дар яке аз хиёбонҳои пойтахт рӯнамоӣ кард, ки дар он ҳудуди Афғонистон ё ба қавли намояндагони ин гурӯҳ, “Имороти исломии Афғонистон” бамаротиб бузургтар аз ҳудуди воқеии ин давлат тасвир ёфтааст.

Дар ин курраи замини сохтаи Толибон ҳудудҳое аз давлатҳои Эрону кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қаламрави Афғонистон ҳамроҳ карда шудааст. Дар ин харита мушоҳида мешавад, ки Афғонистон бо Қазоқистон сарҳади муштарак дорад.

Ин “курраи замин”-и Толибон миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Онҳо бо интиқоди “курраи замин”-и Толибон рӯйи ду масъала таъкид кардаанд: бехабариву ҷоҳилияти мутлақ ва тавсеаталабиву барҳам задани марзҳо дар минтақа.

Мақомҳои Толибон баръакс, аз ин “ихтиро”-и худ тавсиф карда, онро яке аз дастовардҳои шаҳрдории Кобул хондаанд. Бахши форсии BBC бо такя ба манобеи худ менависад, ки “қутри ин курра 8 метр, вазни он 2 тонна буда, мутаҳаррик низ дорад ва дар як дақиқа панҷ маротиба чарх мезанад”.

Тавре ин расона менависад, дар шарҳи тағйири марзҳо ва “ишғоли қаламрави давлатҳои дигар” Исматуллоҳ Ҳабибӣ, муҳандиси ин курра гуфтааст, ки “ин амал сирф барои “барҷастатар” нишон додани кишвар анҷом дода шудааст”.

“Ин муҳандис гуфтааст, мо рӯйи нақшаи Афғонистон зум кардем, то мардум кишварашонро бишносанд”, – менависад бахши форсии BBC.

Убайд Вардак, нафаре, ки нақшаи заминро рӯйи ин курра наққошӣ кардааст, гуфтааст, барои ин кор чаҳор рӯз болои нардбон кор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Толибон дар моҳи августи соли 2021, пас аз 20 соли фирор аз давлат ва ҷангу хунрезии зиёд, дубора қудратро дар Афғонистон ғасб карданд ва низоми ҷумҳуриятро барҳам зада, қавонини худро болои мардум ҷорӣ намуданд. Ин гуруҳ дар рӯзҳои аввали ғасби қудрат таъкид карда буд, ки дигар гурӯҳи ваҳшии солҳои қабл нест ва муътадил шудааст, аммо бо гузашти беш аз як сол таъқибу фишор ба маҳдудкунии ҳуқуқи бунёдии сокинони кишварро ба маротиб бештар намуд.

Ҳамчунин, бо фароҳам овардани макони амн барои гуруҳҳои террористӣ ва ҷангу куштори гуруҳӣ дар вилояти Панҷшер, мавриди эътирози ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифт.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.