Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз пардохти андоз озод шуданд. “Tajik Air” аз варта раҳо мешавад?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вакилони парлумони кишвар ширкатҳои ҳавопаймоиро ба муддати 5 сол аз пардохти андози даромад ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод кардаанд.

Зимни ҷаласае, ки ҳафтаи гузашта дар палатаи поёнии парлумон бо ширкати вакилон ва роҳбарони сохторҳои марбута баргузор гардид, ба Кодекси андози Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар ин бора нашрияи “Садои мардум” иттилоъ медиҳад.

Дар асоси тағйиру иловаҳо, даромадҳои ғайрирезидент аз иҷораи ҳавопаймо, чархбол ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири ҳавопаймову чархболи ширкатҳои ватанӣ аз пардохти андози даромад озод карда шуданд.

Ҳамчунин, воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои ҳавопаймою чархбол, воридоти худи ҳавопаймову чархбол, муҳаррикҳое, ки бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ворид мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод гардиданд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо гуфтааст, ки ҳадафи он тақвият бахшидани фаъолияти ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки муҳлати татбиқи имтиёзҳои зикр­шуда панҷ сол, яъне то соли 2027 пешбинӣ шудааст.

Имтиёз додан ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон амалан як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ – “Сомон Эйр” фаъолият мекунад, ки он ҳам ғайридавлатӣ аст. Ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” ба мушкили молӣ печида, тақрибан аз фаъолият бозмондааст. Чанд сол аст ҳукумат мехоҳад вазъи онро беҳбуд бахшад.

Аз ҷумла, соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон қарзҳои “Тоҷик Эйр”-ро ба маблағи зиёда аз 2,6 млн доллар аз эътибор соқит кард. Аммо ин тадбирҳо ба беҳбуди вазъи молиявии ширкат мусоидат карда натавонистанд.

Тибқи маълумоти баъзе манбаъҳо, қарзи “Тоҷик Эйр” ба бонкҳои гуногун, фурудгоҳ ва ширкатҳои хидматрасон то 40 млн долларро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор 20 млн долларро “Тоҷик Эйр” бояд ба ширкати Skyroad Leasing-и Литва пардохт кунад.

Қаблан хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳабси суратҳисобҳои бонкии “Тоҷик Эйр” бо сабаби “корҳои марбут ба Skyroad Leasing” хабар дода буд.

Сабаби баҳс байни “Тоҷик Эйр” ва Skyroad Leasing пардохти ҳармоҳа ба маблағи 149 ҳазор доллар барои иҷораи ду ҳавопаймои Boeing ва ҷаримаҳо ба маблағи умумии 20 млн доллар унвон мешавад.

Ҳамчунин, тобистони соли 2018 бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ширкат ҳукумати Тоҷикистон Шӯрои махсуси нозирон таъсис дод.

Аз ҷониби ин Шӯро барномаи махсуси дастгирии ширкати ҳавопаймоӣ таҳия шуд, ки дар он, аз ҷумла мақомоти давлатии дахлдор уҳдадор карда шуданд, ки ба воситаи хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ширкат сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷиро ҷалб намоянд.

Моҳи июли соли 2020 ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 2 млн доллар қарзи “Тоҷик Эйр”-ро аз эътибор соқит кард. Айни замон дар басти корӣ (штат)-и ширкат ҳамагӣ якчанд роҳбарон қарор дошта, кормандони боқимондаро аз соли 2018 ба рухсатии бемузд фиристоданд.

Аввали соли равон Суди олии иқтисодии Тоҷикистон эътироф кард, ки ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дошта, пул надорад, ки қарзҳояшро баргардонад.

Кӯшиш охирини ҳукумат дар масъалаи беҳбуд кардани вазъи ширкат, ивази роҳбари қаблии он буд. Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр роҳбари ширкатро Парвиз Шодмонзода, ки то таъин шудан ба ин мансаб ӯ ба ҳайси муовини директори Фурудгоҳи байнулмилалии “Бохтар” кор мекард, ба уҳда гирифт.

Ба гуфтаи манбаъҳои наздик ба роҳбари нав, Парвиз Шодмонзода қаблан дар ширкати “Тоҷик Эйр” кор карда, “вазъиятро аз дохил хеле хуб медонад” ва илова бар ин, “яке аз мутахассисони беҳтарини Тоҷикистон дар соҳаи авиатсия мебошад”.

Аз соли 2010 то соли 2016 ширкатро Рустам Холиқов ва то соли 2019 – Хайрулло Раҳимов роҳбарӣ мекарданд, ки фаъолияти ҳар ду ҳам замоне аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...