Беҳтаринҳои мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд

Date:

Дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт рӯзи 13 декабр маросими мутантани тақдими ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯйи натиҷаҳои соли 2022 қадрдонӣ гардиданд.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, дар маросими тантанавӣ ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсияи лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи якум ва мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ муайян карда шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз ҷумла, беҳтарин бозигари сол сарвони «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов дониста шуд, ки ӯ ҳамчунин бо задани 16 гол нишонзани беҳтарини чемпионати кишвар дар соли 2022 эълон гардид. Дарвозабони дастаи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон дониста шуд.

Сармураббии дастаи «Истиқлол» Алишер Тӯхтаев ҷоизаи беҳтарин мураббии Тоҷикистон-2022-ро гирифт. Ҳимоятгари ганагии «Равшан»-и Кӯлоб Самуэл Офорӣ беҳтарин легионери лигаи олӣ эътироф шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (17)

















Боз футболбозони зерин беҳтарин дониста шуда, қадрдонӣ гардиданд:

Нимҳимоятгари тими «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Худойдод Узоқов – беҳтарин бозигари лигаи якуми Тоҷикистон;

Сармураббии дастаи «Куктош» Тоҳир Муъминов – беҳтарин мураббии лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2022;

Паҳлавон Баҳризода аз тими «Истиқлол» – беҳтарин бозигари мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни ҷавонон;

Сармураббии дастаи ҷавонони «Регар-ТадАЗ» Фарҳод Холбеков ҷоизаи беҳтарин мураббӣ миёни ҷавонон;

Гулмуроди Саъдулло – «Беҳтарин довари Тоҷикистон»;

Капитани тими миллии кишвар Аҳтам Назаров – беҳтарин ҳимоятгари мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022;

Бозигари «Хатлон»-и Бохтар Тоҳирҷон Тағойзода – «Беҳтарин нимҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон-2022»;

Сарвони бошгоҳи «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев – беҳтарин ҳамлагари чемпионат дар мавсими 2022.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...