Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Date:

Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 6,25% – аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар қонуни қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023” сухан меравад.

Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таварруми пешбинишуда дар соли дахлдор муқаррар карда мешавад.

Ин нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ) истифода бурда мешавад.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба боло рафта, баъдан (солҳои 2019-2023) ҳамасола зиёд мешавад.

Ба ин тариқ солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 40 сомонӣ, 2017-2018 – 50 сомонӣ, 2019 – 55 сомонӣ, 2020 – 58 сомонӣ, 2021 – 60 сомонӣ ва соли 2022 – 64 сомониро ташкил медод.

Аз соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Ҳамон вақт дар ин бора қонуни дахлдор – “Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисоб” қабул шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...