30 тарма дар як соат. Қатъи ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Давоми як соат пас аз оғози бориши барфи шадид дар кишвар, аз километри 53 то 81 – уми роҳи Душанбе- Чаноқ қариб 30 тармаи хурду калон фаромадааст. Дар ин бора аз “IRS” ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ҳоло кормандони ин ширкат якҷо бо намояндагони мақомоти дигари дахлдор барои тозакунии тармаи фаромада, талош карда истодаанд. “Дар ҳамоҳангӣ […]

Алимшоҳ Мирзода, "Asia-Plus"

Давоми як соат пас аз оғози бориши барфи шадид дар кишвар, аз километри 53 то 81 – уми роҳи Душанбе- Чаноқ қариб 30 тармаи хурду калон фаромадааст. Дар ин бора аз “IRS” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ҳоло кормандони ин ширкат якҷо бо намояндагони мақомоти дигари дахлдор барои тозакунии тармаи фаромада, талош карда истодаанд.

“Дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД ҶТ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд”, – афзуд манбаъ.

Ширкати мазкур, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад таъкид кардааст, ки бориши барф торафт шиддат гирифта, хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст.

Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар гуфтанд, ки роҳҳои дигари ҷумҳурӣ кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.

Масъулини шаркати “IRS” аз сокинони кишвар даъват намудаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ худдорӣ намоянд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ гуфтанд, ки хатари тармафароӣ то 15-уми январ боқӣ мемонад.

Гуфтан лозим аст, ки тибқи пешгӯи мутахассисони ҳавошиносии кишвар, гурӯъ аз имрӯз, 10-уми январ дар кишвар сардшавии ҳаво мушоҳида мешавад ва чанд рӯз идома мекунад. Дар ин муддат, дар саросари кишвар бориши барфу боронҳои пуршиддат дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.