Дар Душанбе ҷамъоварии кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркия эълон шуд

Date:

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҷамъоварии кумак барои осебдидагон аз заминларза дар Туркияро эълон кард. Теъдоди қурбониён офати табиӣ дар ин кишвар ба 2 ҳазору 921 нафар ва ҷароҳатбардоштагон – 15 ҳазору 800 нафар расид. Дар Туркия то 12 феврал мотами миллӣ эълон шуд.

“Шахсоне, ки хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро доранд, молу чиз ва дигар лавозимоти дар зер зикршударо ба сафорати Туркия дар Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 17/2 фиристанд.

Мувофиқи имкон кумак дар бастаҳои шаффоф бо рӯйхати чизҳои дар он мавҷудбуда оварда шавад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Туркия.

Зимнан зикр шуд, ки кумаки ҷамъовардашуда тариқи ширкати “Хатҳои ҳавоии Туркия” (Турецкие авиалинии) таъҷилан  ва ройгон ба Туркия фиристода мешавад.

Бо чиҳо ёрӣ расонидан мумкин аст:

– кӯрпаву рӯйпӯшҳо

– хаймаҳо (палаткаҳо)

– дастпӯшакҳо

– лавозимоти хобравӣ (спальные мешки)

– сарулибоси зимистона

– дорувориҳое, ки бе таъиноти духтур фурӯхта мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...