Дар Душанбе ҷамъоварии кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркия эълон шуд

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҷамъоварии кумак барои осебдидагон аз заминларза дар Туркияро эълон кард. Теъдоди қурбониён офати табиӣ дар ин кишвар ба 2 ҳазору 921 нафар ва ҷароҳатбардоштагон – 15 ҳазору 800 нафар расид. Дар Туркия то 12 феврал мотами миллӣ эълон шуд. “Шахсоне, ки хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро доранд, молу […]

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҷамъоварии кумак барои осебдидагон аз заминларза дар Туркияро эълон кард. Теъдоди қурбониён офати табиӣ дар ин кишвар ба 2 ҳазору 921 нафар ва ҷароҳатбардоштагон – 15 ҳазору 800 нафар расид. Дар Туркия то 12 феврал мотами миллӣ эълон шуд.

“Шахсоне, ки хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро доранд, молу чиз ва дигар лавозимоти дар зер зикршударо ба сафорати Туркия дар Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 17/2 фиристанд.

Мувофиқи имкон кумак дар бастаҳои шаффоф бо рӯйхати чизҳои дар он мавҷудбуда оварда шавад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Туркия.

Зимнан зикр шуд, ки кумаки ҷамъовардашуда тариқи ширкати “Хатҳои ҳавоии Туркия” (Турецкие авиалинии) таъҷилан  ва ройгон ба Туркия фиристода мешавад.

Бо чиҳо ёрӣ расонидан мумкин аст:

– кӯрпаву рӯйпӯшҳо

– хаймаҳо (палаткаҳо)

– дастпӯшакҳо

– лавозимоти хобравӣ (спальные мешки)

– сарулибоси зимистона

– дорувориҳое, ки бе таъиноти духтур фурӯхта мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.