Туркия: Ғалабаи аввали футболбозони ҷавони тоҷик дар тамринҳо

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия аввалин пирӯзии худро ба даст овард. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 6-уми феврал ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев бо тими ҷавонони Озарбойҷон бозии санҷишӣ анҷом дода, вохӯрӣ бо пирӯзии тими Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт. Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар маҷмааи […]

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия аввалин пирӯзии худро ба даст овард.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 6-уми феврал ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев бо тими ҷавонони Озарбойҷон бозии санҷишӣ анҷом дода, вохӯрӣ бо пирӯзии тими Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Корнелия»-и Белек баргузор шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистоно легионерҳо Салам Ашӯрмамадов ва Алиҷони Айнӣ гол заданд.

“Пеш аз оғози бозии дӯстона дастаҳо ба хотираи қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия дақиқаи хомӯширо риоя карданд”, – омадааст дар хабари Федератсия.

Зикр мегардад, ки барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) вохӯрӣ бо дастаи Озарбойҷон чаҳорумин рақобат дар ҷамъомади тамринии Анталия ба ҳисоб меравад. Қаблан футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0), бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) ва бошгоҳи «Бухоро» (1:3) низ вохӯрда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.