Бародари раиси шаҳри Исфара ба тасарруфи беш аз 88 ҳазор сомонӣ гумонбар аст

Date:

Фирдавсхон Турахонов, роҳбари пешини Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд ва бародари Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ба фасодкорӣ гумонбар аст. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд рӯзи 17-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, Фирдавсхон Турахонов ба азхудкунии беш аз 88,6 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад.

“Тафтишоти пешакӣ муайян карда, ки Фирдавсхон Турахонов  давоми 1 соли роҳбарӣ (аз 1-уми октябри соли 2020 то 8-уми октябри соли 2021) дар Беморхонаи клиникавии шаҳрӣ №1 ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои махсуси беморхона 36 содирномаи хазинавӣ, ба маблағи 156 ҳазору 962 сомониро ба ихтиёри худ гирифта, аз он 68 ҳазору 500 сомониро ба корҳои таъмирии гармхонаи беморхона хароҷот намуда, 88 ҳазору 642 сомониро тасарруф кардааст”, – гуфт Шараф Аваззода.

Ба иттилои роҳбари Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд, аз 5-уми сентябр соли 2022 нисбати Фирдавсхон Турахонов барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори калон (моддаи 245 қисми 3 банди “а”)  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ исрол шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шараф Аваззода

Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ нисбати Турахонов чӣ ҳукм содир кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Тӯрахонов аз вазифаи роҳбари Беморхонаи марказии шаҳрӣ озод гардида, сардори Маркази солимгардонии дилу шараёни шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Гуфта мешавад, ки Фирдавсхон Турахонов, барордари Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...