Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории сил автомарафон доир месозад

            Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории сил Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон автомарафон барпо мекунад. Намояндаи ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо, созмонҳои Салиби Сурхи Нидерланд, Федератсияи байнулмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории сил Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон автомарафон барпо мекунад.




Намояндаи ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо, созмонҳои Салиби Сурхи Нидерланд, Федератсияи байнулмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх баргузор мегардад.



Ба қавли С.Назаров, ҶҲАТ назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи баргузории ин чорабинӣ тарзи ҳаёти солимро таблиғ намуда, ба аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориии сил маълумоти зарурӣ пешниҳод созад. «Дар баргузории чорабинӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид, зеро маҳз онҳо доир ба бемории сил ва роҳҳои пешгириву табобати он бояд маълумоти зарурӣ дошта бошанд», – гуфт ӯ.



С.Назаров афзуд, зимни баргузории чорабинӣ фарогирии беш аз 2500 нафар аҳолии шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат пешбинӣ мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.