Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шоми 10 июн дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои сафари сарвари давлати кишвари ҳамсояро қадами муҳиму устувор дар роҳи таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардумони ду кишвар аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Президенти Ӯзбекистон дар навбати худ аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ кард.
Дар суханронии худ сарони давлатҳо инчунин оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.
Баъди суханронии сарони давлатҳо чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду кишвар мебошад, идома ёфт.
Дар ин консерт зиёда аз 200 нафар сарояндагону мусиқачиён ва раққосони ҳар ду кишвар ширкат варзиданд.
Миёни онҳо ситораҳои эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова ва Фаррух Зокиров низ ҳузур доштанд.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз онҳо дар консерте, ки дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соати 18:00 оғоз мегардад, низ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар ин консерт инчунин дигар ҳанармандони маъруфи ӯзбек Муноҷот Юлчиева, Рамз Усмонов, ансамблҳои рақсии “Тошканд зеболари”, “Ӯзбекистон” ва ансамбли Оғобек Зокиров низ иштирок мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.