Чаро пайрави дини Зардуштӣ будани Абдуқодир Абдуқаҳҳор баҳсбарангез шуд?

Date:

Чанде пештар рӯзноманигор Абдуқодир Абдуқаҳҳор дар расонаҳо оид ба эътиқоди динии худ суҳбат кард ва эътироф намуд, ки пайрави дини Зардуштӣ аст. Ӯ гуфт, ки ҳадаф дорад Анҷумани зардуштиёни Тоҷикистонро таъсис диҳад.

Баъдтар, Абдуқодири Абдуқаҳҳор боз ҳам тариқи расонаҳо иддао кард, ки баъди эълони тасмими худ, мавриди таҳқиру тавҳини корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, фишору таҳдидҳоро эҳсос кардааст.

Эътирофи оммавии Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар хусуси гароиш ба дини Зардуштӣ дар ҷомеаи Тоқикистон, ки аксари кулли он мусалмонанд, вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони зиёд ӯро мазаммат мекарданд, ки “дини худро тағйир додааст”.

Ин вокунишҳо баҳси таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар ба миён гузошт ва “Asia-Plus” тасмим гирифт, бо ҷалби намояндагони адёни гуногун, масъулини ҷамъиятҳои динии кишвар, коршиносону таҳлилгарон ин мавзӯро ба баррасӣ кашад.

Дар ТОК-ШОУ-и навбатии “Рости гап” мавзӯи таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.

МЕДИА (YOUTUBE)

"Рости гап" ягона ТОК-ШОУ дар бахши тоҷикии интернет аст, ки дар платформаҳои гуногун садҳо ҳазор тамошобин дорад. Агар мехоҳед, ки тамошобинони барномаи мо дар бораи ширкати шумо огоҳ шаванд, мо омодаем бо шумо ҳамчун шарик ё сарпараст ҳамкорӣ кунем.

Рақам барои тамос: 93-577-78-70

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...