“Соро компания” бори сеюм ба Суперҷоми футзали Тоҷикистон соҳиб шуд

Дастаи футзали “Соро компания”-и Душанбе соли сеюм ва пайиҳам барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин дафъа шогирдони Пайрав Воҳидов бар дорандаи медали нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварданд. Гуфта мешавад, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи […]

Asia-Plus

Дастаи футзали “Соро компания”-и Душанбе соли сеюм ва пайиҳам барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин дафъа шогирдони Пайрав Воҳидов бар дорандаи медали нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, 1200 тамошобинро ба ҳам овард.

Голҳоро аз ҳайати «Соро компания» легионерҳои эронӣ Муҳаммад Герованд ва Муҳсин Муҳаммадзода, инчунин Дилшод Саломов ба самар расониданд. Аз ҳайати «Истиқлол» Комрон Алиев ва Насратшо Исмоилов муаллифи гол шуданд.

Беҳтарин дарвозабони бозии Суперҷом дарвозабони эронии «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ дониста шуд. Ҷоизаи «Fair Play» ба бозигари «Истиқлол» Комрон Алиев тақдим гардид. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ ҳимоятгари «Соро компания» Дилшод Саломов эътироф шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио