Ҳомии муҳоҷирон Баҳром Ҳамроев дар Русия ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбии Маскав ҳомии ҳуқуқ Баҳром Ҳамроевро дар “даъватҳои оммавӣ ба терроризм дар интернет” ва “ташкили фаъолияти созмони террористӣ” гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум кард, менависад Озодлик. Ба иттилои маркази ҳомии ҳуқуқи “Мемориал”, бо ҳукми додгоҳ 3 соли аввалро Ҳамроев дар зиндон ва муҳлати боқимондаи ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш […]

Asia-Plus

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбии Маскав ҳомии ҳуқуқ Баҳром Ҳамроевро дар “даъватҳои оммавӣ ба терроризм дар интернет” ва “ташкили фаъолияти созмони террористӣ” гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум кард, менависад Озодлик.

Ба иттилои маркази ҳомии ҳуқуқи “Мемориал”, бо ҳукми додгоҳ 3 соли аввалро Ҳамроев дар зиндон ва муҳлати боқимондаи ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад.

Рӯзноманигорони Маскав хабар медиҳанд, ки Баҳром Ҳамроев ба мурофиаи додгоҳӣ бо шиори “«Политический пожар – опасный» (Сӯхтори сиёсӣ хатарнок аст) ҳозир шудааст.

“Теъдоди маҳбусони сиёсӣ кофист. Мусулмонон фаҳмиданд, ки бо кӣ сарукор доранд. Мусулмонон мефаҳманд, ки Русия душманӣ дорад ва далелҳои зиёде дар ин бора ҳаст. Ман аз он одамоне, ки дар Ӯзбекистон ба диктатура дучор шуда буданд, ҳимоя мекардам. Ҳуқуқи инсон (дар Русия) аз Чин дида бадтар аст. Мусулмононе, ки намехоҳанд дар Украина ҷанг кунанд, саркӯб хоҳанд шуд. Мақомот ишора мекунад, ки онҳо душмани дохилианд”, – истинод овардааст ба гуфтаҳои Ҳамроев нашрияи “Сота”.

Қаблан ВАО хабар дода буданд, ки додситон барои Баҳром Ҳамроев 21 соли зиндон дархост намудааст.

Баҳром Ҳамроев натанҳо роҳбари фонди кумаки ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон “Ёрдам”, балки узви маркази ҳомии ҳуқуқи “Мемориал” низ мебошад.

Ҳомии ҳуқуқро охири моҳи феврали соли гузашта барои навиштаҳояш дар Facebook боздошт намуданд. Ҳамон вақт дар манзили Ҳамроев, ки бо иттиҳоми “сафедсозии терроризм” (моддаи 205.2-и Кодекси ҷиноии Русия) муттаҳам мешуд, кофтуков гузаронида шуда, сипас ӯ ба боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Лефортово фиристода шуд.

Хадамоти федералии амният дар навиштаҳои Ҳамроев унсурҳои пуштибонӣ аз созмони фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” пайдо кардааст.

Моҳи октябри соли гузашта нисбат ба ин ҳомии ҳуқуқ бо ҷурми "ташкили фаъолияти террористӣ" (моддаи 205.5-и Кодекси ҷиноии Русия) боз як парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Ҳамкорони Баҳром Ҳамроев иддао доранд, ки ҳомии ҳуқуқ бо сабаби фаъолияти касбиаш мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Баҳром Ҳамроев, зодаи Бухоро ва узви ҳаракати мухолифи "Бирлик" дар соли 1992 бо сабаби таъқиби сиёсӣ маҷбур шуд, ки Ӯзбекистонро тарк кунад.

Тайи 25 соли ахир Ҳамроев ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, гурезаҳо ва мусулмонон машғул буд. Қаблан Хадамоти федералии амният ва ВКД Русия борҳо алайҳи ӯ парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ боз карда буданд.

Баҳром Ҳамроев, аз мунтақидони сарсахти режими собиқ сарвари давлати Ӯзбекистон, марҳум Ислом Каримов, борҳо дар назди муҷассамаи аввалин президенти Ӯзбекистон дар Маскав тазоҳурот баргузор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.