Барканории раиси додгоҳи Ҷаббор Расулов ва як додраси дигар барои “кирдорҳои пастзанандаи шаъну эътибори судя”

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури фармон раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як додрасии Додгоҳи ВМКБ-ро барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” ва се додраси дигарро бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад. Онҳое, ки барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст […]

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури фармон раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як додрасии Додгоҳи ВМКБ-ро барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” ва се додраси дигарро бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад.

Онҳое, ки барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод шуданд, Зафар Қодирзода ва Насрулло Садриддинзода мебошанд.

Радиои Озодӣ моҳи апрели соли равон хабар дода буд, ки Зафар Қодирзода “дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт ва Додистони кулли Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст”.

Ин расона бо такя ба ду манбаи хеш навишта буд, ки “ӯ ба гирифтани пора ва қаллобӣ” айбдор мешавад ва “бархе ҷиноятҳоро ӯ дар замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва бархеи дигарро дар ВМКБ содир кардааст”.

Зафар Қодирзода моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, аз вазифаи додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат озод ва ба вазифаи додраси Додгоҳи ВМКБ таъин шуда буд.

Насрулло Садриддинзода бошад, то ҳол маълум нест, ки барои кадом кирдорӣ пастзанандаи шаъну эътибори судя аз вазифа озод шудааст. Ӯ то таъин шудан ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар моҳи феврали соли 2020, ба ҳайси муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамен кор кардааст.

Се нафари дигар, ки имрӯз, 23-юми май бо фармони президент аз вазифаи додрас бинобар расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод гардиданд, Сафаралӣ Холматзода, Ҳасан Қодирзода, додрасҳои Додгоҳи вилояти Хатлон ва  Сайфидин Муҳидинзода, муовини якуми раиси Додгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошанд.

Озод кардани додрасҳо барои кирдоре, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, таҷрибаи нав нест ва қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон чандин додрасро барои ин кирдор аз вазифа озод кардааст.

Аксари вақт дар бораи додрасҳое, ки барои содир кардани “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод мегарданд, дар расонаҳо оид ба гирифтани пора ва қаллобӣ хабарҳо нашр мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.