Пешниҳоди тадбирҳо ба мақомоти Тоҷикистон барои тавсеъаи иштироки занон дар тиҷорати байналмилалӣ

Занон дар Тоҷикистон ба мушкилоти зиёде, ки ба онҳо ҷиҳати иштироки ҳамаҷониба дар тиҷорати байнулмилалӣ имкон намедиҳад, дучор мешаванд, гуфта мешавад дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: Тиҷорати фаромарзӣ дар андозагирии гендерӣ”. Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки густариши тиҷорати байнулмилалӣ барои коҳиши миқёси фақр, афзоиши имконоти шуғл ва болоравии даромад, бахусус барои заноне, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Занон дар Тоҷикистон ба мушкилоти зиёде, ки ба онҳо ҷиҳати иштироки ҳамаҷониба дар тиҷорати байнулмилалӣ имкон намедиҳад, дучор мешаванд, гуфта мешавад дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: Тиҷорати фаромарзӣ дар андозагирии гендерӣ”.

Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки густариши тиҷорати байнулмилалӣ барои коҳиши миқёси фақр, афзоиши имконоти шуғл ва болоравии даромад, бахусус барои заноне, ки дар бахшҳои содиротӣ кор мекунанд, муҳим аст.

Аммо муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки занон дар Тоҷикистон бо мушкилоти мухталиф рӯбарӯ ҳастанд, ки монеи ширкати комил дар тиҷорат мешаванд.

Ин монеаҳо ба мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот, истифодаи пардохтҳои электронӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ, пешакӣ анҷом додани расмиёти эъломияи мол, машварат бо ҳукумат, инчунин ба иштирок дар иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ё соҳавӣ марбутанд.

Барои бартараф намудан мушкилот ба ҳукумати Тоҷикистон роҳандозии тадбирҳоизерин тавсия мешавад:

– суръат бахшидан ба татбиқи пурра ва самараноки Созишнома бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар самти соддагардонии тиҷорат;

— таҳким ва пешбурди фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти тиҷорат;

– беҳтар намудани дастрасӣ ба муқаррарот ва қоидаҳои танзимкунандаи реҷаи сарҳадӣ;

– беҳбуди машваратҳои мунтазами расмӣ байни давлат ва бахши хусусӣ, бахусус бо корхонаҳое, ки занон ба онҳо роҳбарӣ мекунанд;

– баррасии қоидаҳои расмии ҳалли арзу шикоят ва ба таври дастрасу фаҳмо расонидани ин маълумот ба ҳамагон;

– таҳким ва пешбурди низоми эъломия ва фароҳам овардани зерсохтори мувофиқ дар мақомоти гумрук ва дигар мақомоти сарҳадӣ;

– беҳтар намудани хидматрасонии зерсохторӣ ва шароити мусоид дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ;

– ҷалби бештари занон ба кор ва беҳтар намудани шароити кор дар гумрук ва дигар мақомоти сарҳадӣ, инчунин дар постгоҳҳои сарҳадӣ;

– беҳтар кардани дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар тиҷорат.

Дар доираи таҳқиқот аз моҳи март то ноябри соли 2022 дар байни 401 ширкати тиҷоратии фаромарзӣ ва 31 брокер (даллолҳо)-и гумрукӣ назарсанҷӣ гузаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.