Омодагии Доғистон ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон

Date:

Президенти Палатаи савдо ва саноати Доғистон Бадрутин Магомедов рӯзи 30 май зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфтааст, Доғистон ба бунёди неругоҳҳои хурди барқи офтобӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон омода аст, хабар медиҳад Интерфакс.

“Доғистон барои шумо, бахусус дар Помир, минтақаҳои баландкӯҳ метавонад неругоҳҳои хурди барқи офтобӣ созад. Ширкати мо ҶДММ “Дагкремний” дар сохтмони чунин неругоҳҳо дар Бангладеш ва Непал таҷриба дорад. Ва ба фикри ман, ин самти ояндадор аст”, – иброз доштааст Магомедов.

Ӯ илова намудааст, ки ҶСП “Мушорака”-и Доғистон, ки барои обрасонӣ (водопровод) қубур ва дигар қисмҳо истеҳсол мекунад, ба истеҳсоли обгармкунакҳои офтобӣ оғоз намуд.

“Миқдори начандон зиёди нури офтоб кофист, ки хонаи ҳамдиёрони шумо бо оби гарм таъмин бошад”, – шарҳ додааст Магомедов.

Тавре ки дар Телеграм-канали Вазорати рушди иқтисоди Доғистон хабар дода мешавад, Гулмаҳмадзода инчунин бо соҳибкорон дидору гуфтушунид кардааст.

“Ин вохӯрӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкории мо мусоидат мекунад. Солҳои охир густариши робитаҳои тиҷоратиро байни кишварҳоямон мушоҳида мекунем. Доғистон ҷумҳурии аграрӣ буда, мо ба ҳамкорӣ бо шумо манфиатдорем. Нисбат ба содирот мо бештар ворид мекунем, лекин дар истеҳсоли пахта, меваҳои барвақтӣ, ангур, интиқоли мева ва хушкмева таҷрибаи хуб дорем”, – изҳор доштааст сафир.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...