Хисороти шамолу борони дирӯза. Дар Душанбе боми хонаҳо канда шуда, дар ноҳияҳо сел роҳҳоро баст

Date:

Рӯзи 14-уми июн, дар деҳаи Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт бар асари боришоти зиёд сел омадааст, ки дар натиҷа, 10 сар чорвои калони шохдор ва 20 сар чорвои майда талаф ёфта, 5 хонаи истиқоматӣ, 3 бинои ёрирасон осеб дидаанд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфт, ҳамчунин, дар ин минтақа, 20 қитъаи наздиҳавлигӣ, 5 гектар замини кишоварзӣ зери об мондаанд.

Манбаъ, ҳаҷми зарарро нашр накарддаст, танҳо навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷои ҳодиса кор бурда, ҳаҷми хисороти расида муайян карда мешавад.

Ҳамин тавр, дирӯз дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш, дар ҳудуди Арчақаппа, ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Ляхш сел омада, боиси баста шудани мачрои дарёи Сурхоб гардидааст.

Дар натиҷа сел ҳудуди 350 метр роҳи мошингардро шуста, ду сутун ва ҳудуди 300 метр симро кандааст.

Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод сел роҳи мошингади деҳаро бастааст.

Инчунин обхезӣ дар километрҳои 9, 27, 39 ва 55-и роҳи мошингарди Лаби-Ҷар-Сангвор боиси баста шудани ҳаракати нақлиёт гардидааст.

Рӯзи 14-уми июн, дар Душанбе, ба гуфтаи ин ниҳод, бар асари шамоли шадид бомҳо канда шуда, дарахтон шикастаанд.

Ба гуфтаи КҲФ, дар натиҷаи ҳамаи ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...