Дар Душанбе бар асари як садама 4 нафар ҷон бохта, 2 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд

Date:

Дирӯз, 21-уми июн, бар асари бархӯрди автомашинаи тамғаи “БМВ” бо “Мерседес” дар шаҳри Душанбе 4 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар пойтахт иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин садама дирӯз соати 17:20 дақиқа рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди транзитиаш С0496 j07, Ҳабибзода Орзу ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ба самти кӯчаи Сомон, дар назди тарабхонаи “Чаманоро” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамҳои қайди давлатиаш 3177МВ01 бархӯрдааст”, – менависад РВКД.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ронанда ва 3 нафар мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес” ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамзамон, ронанда ва як нафар мусофири автомашинаи тамғаи “БМВ” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Бояд гуфт, Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ин ниҳод дар Душанбе қариб ҳар рӯз аз садамаи нақлиётӣ дар пойтахт ва гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2022 дар натиҷаи 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...