Гумонбари рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” дар беморхонаи Кишинёв даргузашт

Рустам Ашӯров, ки рӯзи 30 июн ду афсарро дар фурудгоҳи Кишинёв аз силоҳи оташфишон ба қатл расонид, бар асари захмҳои гирифтааш ҳалок шуд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Бозрасии генералии пулиси ВКД Молдова хабар медиҳад. “Айбдоршаванда ба куштори ду кас дар фурудгоҳи Кишинёв ҳалок шуд”, – гуфта мешавад дар Telegram-канали ин ниҳод. Манбаъҳо […]

Asia-Plus

Рустам Ашӯров, ки рӯзи 30 июн ду афсарро дар фурудгоҳи Кишинёв аз силоҳи оташфишон ба қатл расонид, бар асари захмҳои гирифтааш ҳалок шуд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Бозрасии генералии пулиси ВКД Молдова хабар медиҳад.

“Айбдоршаванда ба куштори ду кас дар фурудгоҳи Кишинёв ҳалок шуд”, – гуфта мешавад дар Telegram-канали ин ниҳод.

Манбаъҳо дар ин ниҳод ба хабарнигори ТАСС гуфтаанд, Ашӯров баъди ярадор шудан дигар ба ҳуш наомадааст.

Қаблан сардори Бозрасии генералии пулиси Молдова Виорел Чернеутеану зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки Ашӯров аз музокира бо пулис худдорӣ карда, ҳангоми ҳамла сахт маҷрӯҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Ашӯров дар бемористон, беҳуш, вале таҳти ҳимояти шадиди пулис қарор дошт.

Виорел Чернеутеану дар брифинг изҳор дошт, ки Рустам Ашӯров ҳафт сол дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон кор карда, лекин барои рафтори ношоиста аз кор озод карда шудааст.

“Ӯ узви ягон гурӯҳи террористӣ нест, лекин қаблан барои роҳзанӣ маҳкум шудааст”, – иброз дошт Чернеутеану.

Роҳбари пулис тасдиқ намуд, ки аз рӯи далели ҳамла ба кормандони сохторҳои қудратӣ дар фурудгоҳи Кишинёв ҷониби Молдова бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

“Мехоҳам таъкид кунам, ки инҳо кормандони ВКД мебошанд, на дигар кадом як сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – мубориза бо терроризм ё ҷинояткории муташаккилона. Мо ҳамроҳ ин ҳодисаро тафтиш мекунем”, – илова кардааст ӯ.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта Ашӯров дар фурудгоҳи Кишинёв барои роҳ надодани ӯ ба кишвар тирпаронӣ кард. Ӯ сарҳадбон ва корманди хадамоти амнияти фурудгоҳро ба қатл расонид.

Президенти Молдова Майя Санду ба хотири гиромидошти хотираи афсарони ҳалокшуда 4 июлро рӯзи мотами миллӣ эълон карда, бо фармони ӯ фавтидагон пас аз марг бо медалҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи шанбе, 1 июл хабар дод, ки Рустам Ашӯров дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев низ гумонбар дониста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио