“Нисбаташ беэҳтиромӣ нашудааст”. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш сабаби истеъфои Юсуф Абдусаломовро шарҳ дод

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон сабаби қатъ шудани созишнома ва аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини озоди Тоҷикистон истеъфо додани Юсуф Абдусаломовро шарҳ дод. Абдулло Раҳмонзода дирӯз, 9-уми август, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки Федератсияи гӯштини Тоҷикистон Юсуф Абдусаломовро бо ду шарт ба кишвар даъват кард: – Юсуф Абдусаломов бигзор […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон сабаби қатъ шудани созишнома ва аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини озоди Тоҷикистон истеъфо додани Юсуф Абдусаломовро шарҳ дод.

Абдулло Раҳмонзода дирӯз, 9-уми август, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки Федератсияи гӯштини Тоҷикистон Юсуф Абдусаломовро бо ду шарт ба кишвар даъват кард:

Юсуф Абдусаломов бигзор пурра ба Тоҷикистон кӯчида ояд, сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини озод таъйин шавад ва бидуни шарти овардани медали олимпӣ бо ин даста кор кунад;

Юсуф Абдусаломов 4 варзишгари тоҷикро зери мураббигии худ бигирад, кафолати овардани як ё ду медали олимпиро диҳад ва дигар ба дастаи мунтахабу равиши кори он дахолат накунад.

Ба қавли Раҳмонзода, Федератсияи гӯштини Тоҷикистон барои ин кор ба паҳлавони тоҷик “маблағи зарурӣ ва талабкардаашро пурра медиҳад”.

Абдулло Раҳмонзода гуфт, “Юсуф Абдусаломов дар аввал шартҳоро қабул кард ва аз сӯи дигар шартҳои худро ҳам гузошт, мо қабул кардем ва созишномаро ба имзо расонидем. Аммо пас аз ду моҳ Абдусаломов созишномаро якҷониба қатъ кард ва аз Тоҷикистон рафт”.

“Ман фикр мекунам, вақте мо хостем, ки шартҳоро мушаххастар кунем, шояд ба ӯ ин писанд наомад. Аз рӯи шарту шароите, ки кишварҳои аврупоӣ бо Абдусаломов кор мекунад, Тоҷикистон он гуна имконият надорад ва қабул карда наметавонад”, – гуфт раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Раҳмонзода афзуд, ки “нисбат ба Юсуф Абдусаломов беэҳтиромӣ нашудааст ва дар оянда ҳам намешавад, ақидаи озоди худаш аст, ки аз Тоҷикистон рафт, аммо ҳанӯз ҳам мо омодаи ҳамкорӣ бо ин паҳлавоне, ки барои Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст, ҳастем”.

Назари Юсуф Абдусаломов ба ин иддаои раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҳоло маълум нест.

Гуфтан ба маврид аст, ки моҳи феврали сори равон дар шаҳри Душанбе байни Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва паҳлавони маъруфи тоҷик Юсуф Абдусаломов созишномаи корӣ ба имзо расида, ӯ ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини озод таъйин шуда буд, аммо пас аз ду моҳи фаъолият паҳлавон аз ин вазифа истеъфо дод.

Юсуф Абдусаломов пас аз истеъфояш дар як мусоҳиба омили аслии аз вазифа даст кашидани худро ба “набудани шароити ташкиливу молӣ” рабт дода, гуфт, “дар варзиш ҳеҷ чизи майда-чуйда нест, ҳамаи чиз ба натиҷа таъсир мерасонад”.

Маврид ба зикр аст, ки паҳлавони маъруф дар гузашта, барандаи медали нуқраи олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон буд ва ҳоло мураббӣ ва омӯзгори семинарҳои мураббии UWW аст.

Ёдовар мешавем, ки Юсуф Абдусаломов зодаи Доғистон буда, аз соли 2003 то 2013 узви дастаи гуштии озоди Тоҷикистон буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио