КҲФ: Хатари омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки давоми ҳамин ҳафта дар як қатор ноҳияҳои кишвар боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи ВМКБ хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад. Дар ин […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки давоми ҳамин ҳафта дар як қатор ноҳияҳои кишвар боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи ВМКБ хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Тавсия дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ сокинон бояд сари вақт ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳои атрофи худро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони шуғли кӯҳгардӣ ва сайёҳӣ муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бояд ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти пуршиддати рӯзи 27 август ба иншооти зерсохтори кишвар зарари ҷиддӣ расида, 13 нафар ҳалок шуданд. Аз ин рӯ, эҳтиёту омодагӣ ба тағйирёбии шароити обуҳаво мувофиқи мақсад аст.

Дар бораи вазъи обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи сентябр дар ин маводи мо маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.