Оё моҳи сентябр обуҳавои Тоҷикистон салқинтар мешавад?

Рӯзи якшанбе пас аз танаффуси зиёд борони пуршиддати кӯтоҳмуддат борида, ба сар задани як қатор офатҳои табиӣ боис гардид. Лекин ҳавои моҳи аввали фасли тирамоҳ нисбатан гарм мешавад. Ҳаҷми боришоти моҳона ба сурати умум аз меъёр кам хоҳад шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳвашиносии ҷумҳурӣ. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар ҷумҳурӣ моҳи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзи якшанбе пас аз танаффуси зиёд борони пуршиддати кӯтоҳмуддат борида, ба сар задани як қатор офатҳои табиӣ боис гардид. Лекин ҳавои моҳи аввали фасли тирамоҳ нисбатан гарм мешавад. Ҳаҷми боришоти моҳона ба сурати умум аз меъёр кам хоҳад шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳвашиносии ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар ҷумҳурӣ моҳи сентябр 1-2 дараҷа аз меъёр баландтар шуда, моро моҳи гарми тобистона интизор аст. Ҳолатҳои фаромадани чангу ғубор ҳам аз эҳтимол дур нест.

Бе боришот, лекин бо чангу ғубор

Аввали фасли тирамоҳ ҳаво дар ҷануб – вилояти Хатлон гарм мешавад. Дар водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанбе низ чунин обуҳаво дар назар аст.

Нимаи аввали моҳ дар ин ҷойҳо ҳарорат дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 32-27 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 12-17 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳи сентябр поинравии ҳарорат – шабона то 10-15 ва рӯзона 28-33 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 7-12 ва рӯзона 20-25, баъзе рӯзҳо то 14- 19 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Ҳаҷми боришоти моҳона баъзан дар ҳудуди камтар аз меъёр (меъёр дар водиҳо 0,1-1,8 мм, дар доманакӯҳҳо – 4,2-8,7 мм) дар назар аст.

Дар баъзе рӯзҳои ҷудогона пурзӯр гардидани суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 м/с бо чангу ғубор пешгӯӣ мегардад.

Дар Суғд ҳарорат каме поин меравад

Аввали моҳ дар вилояти Суғд дар водиҳо шабона 14-19, рӯзона 30-35, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳ ҳарорат шабона 9-14, рӯзона – 25-30, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 5 дараҷа, рӯзона 15-20, дар баъзе рӯзҳои ҷудогона рӯзона то 10-15 дараҷа гарм поин меравад.

Дар водиҳо боришот аз меъёр кам ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёр зиёд (меъёр дар водиҳо 2,5-8,1 мм, дар кӯҳҳо – 5,3-11,2 мм) мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ нимаи аввали моҳи сентябр ҳарорат шабона 10-15 ва рӯзона – 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳ поинравии ҳарорат пешбинӣ мешавад: шабона то 4-9 дараҷа ва рӯзона – то 18-23 дараҷа гарм.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 0-5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 11-16 то 6-11 дараҷа гарм. Дар ин ҷо боришот аз меъёр (меъёр 2,5-5,6 мм) зиёд мешавад.

Ҳамин тариқ, моҳи сентябр дар Тоҷикистон ҳаво гарм бо ҳарорати баландтар аз меъёри мавсимӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.