Лигаи қаҳрамонҳои Осиё: “Истиқлол” бо “Ал-Дуҳайл” 19-уми сентябр дар Душанбе бозӣ мекунад

Date:

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бозии нахустини худро дар мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 бо дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар шаҳри Душанбе, 19-уми сентябр, соати 21:00 баргузор мекунад.

Дар ин бора сомонаи дастаи “Истиқлол” хабар дода, менависад, ки бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дастаи “Истиқлол” тибқи қуръакашии мусобиқот дар гурӯҳи “E” бо дастаҳои “Персеполис”-и Эрон, “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ рақобат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмӯъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Натоиҷи қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 чунин аст:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи “А”: “Пахтакор” (Ӯзбекистон), “Ал-Фейҳа” (Арабистони Саудӣ), “Аҳал” (Туркманистон), “Ал-Айн” (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи “В”: “Ал-Садд” (Қатар), “Насаф” (Ӯзбекистон), “Ал-Файсалӣ” (Урдун), “Шарҷа” (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи “С”: “Ал-Иттиҳод” (Арабистони Саудӣ), “Сипоҳон” (Эрон), “Эйр Форс” (Ироқ), АГМК (Ӯзбекистон).

Гурӯҳи “D”: “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Нассоҷи Мозандарон” (Эрон), “Мумбаи Сити” (Ҳиндустон), “Навбаҳор” (Ӯзбекистон).

Гурӯҳи “Е”: “Персеполис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар), “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ).

Тақвими бозиҳои бошгоҳи “Истиқлол” дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Гурӯҳи “Е”

«Персеполис» (Эрон)

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Даври 1-ум

19-уми сентябр

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар)

Даври 2-юм

2-юми октябр

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 3-юм

24-уми октябр

«Персеполис» (Эрон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 4-ум

7-уми ноябр

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персеполис» (Эрон)

Даври 5-ум

27-уми ноябр

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 6-ум

5-уми декабр

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...